Дар боғи “Куруши Кабир”-и шаҳри Душанбе ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор шуд. Дар ярмарка аз ҷониби беш аз 100 ширкату корхонаҳои дохилӣ зиёда аз 4 ҳазор ҷойи кории холӣ барои корҷӯён пешниҳод гардид. Инчунин, муассисаҳои касбомӯзиву забономӯзӣ ва машваратӣ хизматрасониҳои худро пешниҳод карданд.
Дар баробари пешниҳоди ҷойҳои корӣ дар дохил, инчунин аз ҷониби муассисаҳои масъул кор дар хориҷи кишвар низ пешниҳод гардид ва ба назар мерасид, ки корҷӯён барои кор дар хориҷа таваҷҷуҳи бештар доранд.
Масъулини вазорати меҳнат мегӯянд, ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ "дар доираи барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ доир мегардад ва барои муаррифӣ намудани ҳам корхонаҳо ва ҳам ҷойҳои кории холие, ки дар дохили кишвар мавҷуданд, аҳамияти муҳим дорад". Онҳо иддао доранд, ки чунин маъракаҳо натиҷаҳои хуб медиҳанд, аммо нагуфтанд, ки ба воситаи чунин ярмаркаҳо чӣ теъдод шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд.
Гуфта шуд, танҳо дар соли 2024 дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 900 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор шуда, аз онҳо зиёда аз 20 ҳазор шаҳрванд истифода кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола ҳукумати кишвар аз таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои кории нав иттилоъ медиҳад, вале бекорӣ дар кишвар яке аз мушкилоти ҷиддии шаҳрвандон боқӣ мемонад. Аксари корҷӯён сабаби дар ҷойҳои холии дохили кишвар кор накарданашонро ба музди маоши паст рабт медиҳанд.
Бинобар иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон қариб бекорон нестанд. Оҷонсии омори назди Тоҷикистон гуфта буд, моҳи декабри соли 2024 сатҳи бекорӣ 1,9%-ро ташкил медиҳад.
Теъдоди бекороне, ки расман ба қайд гирифта шудаанд, 51,4 ҳазор нафарро ташкил дода, 6,3% зиёдтар нисбат ба моҳи декабри соли 2023 аст. Вале вазъии воқеии марбут ба мизони бекорӣ дар кишвар аз маълумоти расмӣ фарқ дорад.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 июни соли 2025
Саноати Тоҷикистон: рақамҳои таъсирбахш, вале воқеияти нигаронкунанда
Дар ҳавои гарм чӣ хӯрдану чӣ нӯшидан лозим нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 июни соли 2025
"Бо сухан сурат кашид!". Маҳфили адабӣ ба ифтихори 80-солагии шоир Ҳабибулло Файзулло дар Ховалинг
Оғози парвози ҳавопаймоӣ миёни Душанбе ва Ванҷ. Аввалин парвоз кай ва нархи чипта чанд аст?
“Худо Эрони азизи моро дар паноҳаш нигаҳ дорад”. Сокинон Тоҷикистон ба даргирӣ миёни Исроилу Эрон чӣ назар доранд?
Кӯдаконро дар кадом истироҳатгоҳ ва бо чӣ шарту шароит метавон ба фароғат фаро гирифт?
Боздошти як зодаи Тоҷикистон баъди тақдими гувоҳнома барои хариди хона дар Русия
Мушакпартоиву бомбандозӣ ва аввалин гуфтугӯ дар Женева. Нӯҳумин рӯзи даргирӣ миёни Исроил ва Эрон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста