Бино ба маълумоти Оҷонсии омори назди Тоҷикистон, моҳи декабри соли 2024 сатҳи бекорӣ 1,9%-ро ташкил медиҳад. Қувваи кории кишвар аз 2,7 млн нафар иборат буда, 98,1%-и онҳо дар иқтисод машғули коранд.
Теъдоди бекороне, ки расман ба қайд гирифта шудаанд, 51,4 ҳазор нафарро ташкил дода, 6,3% зиёдтар нисбат ба моҳи декабри соли 2023 аст.
Вале бояд гуфт, ки вазъии воқеии марбут ба мизони бекорӣ дар кишвар аз маълумоти расмӣ фарқ дорад.
Масалан, тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон 11,5%-ро ташкил дода, ҷумҳурӣ аз рӯи нишондиҳанда миёни кишварҳои ИДМ як зина пештар аз охир ҷойгир шудааст.

Дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус (ҳирфаӣ) вуҷуд дорад ва дар ҷойҳои корие, ки дастрасанд, аксаран музди меҳнати паст пешниҳод мешавад. Аз ин рӯ, бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа кор ҷустуҷӯ мекунанд.
Айни замон тақрибан 1 млн шаҳрванди кишвар дар муҳоҷират қарор дошта, сарфи назар аз душвориҳо, дар муқоиса бо ватан ҷойҳои кории маошаш баландтар пайдо мекунанд.