Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр” аз оғози парвозҳо дар масири Душанбе–Ванҷ–Душанбе хабар додааст. Ин ширкат дар саҳифаи “Фейсбук”-и худ навиштааст, ки аввалин парвоз 23-уюми июни соли 2025 анҷом шуда, нархи чипта аз як тараф 750 сомонӣ муайян гардидааст.

Ба гуфтаи манбаъ, парвоз дар ин хатсайр 50 дақиқа давом мекунад. Ҳавопаймо аз Душанбе ба Ванҷ соати 08:00 ва аз Ванҷ ба Душанбе соати 09:30 парвозро оғоз мекунад.

Гуфта мешавад, парвоз дар ин масир ҳафтае як маротиба рӯзи ҷумъа тариқи ҳавопаймои АН-28 сурат мегирад. Ин ҳавопаймо имкони интиқоли 17 мусофир ва то 1750 кг борро дорад.

Барои фармоиши чипта сокинон имкон доранд ба суроғаи ширкати ҳавопаймоӣ, ки дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи Мирзо Мастонгулов, 32/1, қарор дорад, муроҷиат кунанд ва ё бо рақамҳои :+992 900130443 , +992110000012 тамос гиранд.

Бояд гуфт, ин панҷумин хатсайри ҳавоии дохилист, ки ширкати “Тоҷик-Эйр” парвозҳоро анҷом медиҳад. Аз аввали сол ин ширкат парвоз дар масири "Душанбе Хоруғ-Душанбе", “Душанбе-Кӯлоб-Душанбе”, “Душанбе-Панҷакент-Душанбе” ва “Душанбе-Рашт-Душанбе”-ро низ роҳандозӣ карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.