Мусобиқаи байнулмилалии “Тоскулоҳи бузурги Қазоқистон-2025” ё худ Qazaqstan Barysy Grand Slam 2025 аз 9 то 11 май дар шаҳри Остона баргузор мешавад.
Тавре ки Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) хабар медиҳад, то имрӯз барои иштирок дар ин мусобиқа 397 ҷудокор аз 47 кишвар сабтином шудаанд: мунтахаби Тоҷикистонро 9 нафар ҷудокорон намояндагӣ мекунанд.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа аз ҷудокорони зерин иборат аст: Абдулло Куканшоев (60 кг), Икром Шамсов (60 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (73 кг), Масуд Аҳмадзод (73 кг), Сунатулло Мӯсоев (81 кг), Муҳаммад Юсуфзода (81 кг), Мизробшоҳ Лоиқов (90 кг), Сомонӣ Кишваров (100 кг) ва Муҳсин Малаев (100 кг).
Фонди умумии ҷоизавии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибони ҳар кадоме аз вазнҳо (7 мардона ва 7 занона) бо 5 ҳазор евро, гирандагони медалҳои неуқра - бо 3 ҳазор евро ва биринҷӣ - 1 ҳазору 500 евро сарфароз гардонида мешаванд.
Мусобиқаи байнулмилалии мазкур ҷудокорон аз саросари дунёро ҷалб намуда, яке аз марҳилаҳои муҳими даври интихоб ба олимпиада маҳсуб меёбад. Мусобиқа давоми се рӯз дар Қасри муҳорибаҳои ба номи Жаксилик Ушвемпиров дар Остона доир мегардад.
Ҷудокорон дар ин мусобиқа дар 14 вазн - 7-вазнӣ байни занон ва мардон рақобат намуда, ҳар рӯз ба категорияҳои муайян бахшида мешавад.
Мусобиқаҳои силсилаи “Тоскулоҳи бузург” (Большой шлем) пас аз Бозиҳои олимпӣ, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва World Masters барои дарёфти имтиёзҳо ва мутаносибан беҳтар кардани мавқеъ барои ҷудокорон муҳим шуморида мешаванд. Иштирок дар он ба варзишгарон ҷиҳати дарёфти имтиёзҳои назаррас дар радабандии ҷаҳонӣ ва минбаъд соҳиб шудан ба роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ ва дигар мусобиқоти бузург имкон медиҳад.
Ғолибон дар ҳар кадоме аз категорияҳо ба 1000 имтиёз, гирандагони медалҳои нуқра - 700 ва медалҳои биринҷӣ - 500 имтиёз соҳиб мешаванд.