Дар Душанбе сохтмони майдони нави муосири футбол идома дорад, ки он бузургтарин дар кишвар хоҳад буд.

Лоиҳаи варзишгоҳи нав соли 2019 таҳия ва корҳои сохтмонӣ оғоз гардид. Дар назар аст, ки сохтмон то соли 2026, ба муносибати таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, анҷом ёбад.

Ҳоло дар кадом марҳила қарор дорад?

То имрӯз корҳои асосии бунёди сохтори бетонӣ дар тамоми атрофи майдон анҷом ёфтааст. Кори сохтмон дар нишастгоҳҳои ғарбӣ ва шимолӣ босуръат идома дорад. Баъдан таваҷҷуҳ ба сохтмони нишастгоҳҳои шарқӣ ва ҷанубӣ равона хоҳад шуд.
Майдони нав на танҳо объекте барои варзиши сатҳи байналмилалӣ хоҳад буд, балки маркази муҳими фарҳангӣ ҳам хоҳад шуд, ки ба рушди футболи Тоҷикистон ва фарҳанги варзишӣ мусоидат мекунад.

 

1/10

Хусусиятҳои асосии майдон

  • Зарфият: 30 ҳазор тамошобин.
  • Андозаи майдон: 105×68 метр.
  • Нишастгоҳҳо: чор нишастгоҳи дусатҳа.
  • Минтақаи VIP: ҷойи махсус барои 448 нафар.
  • Сохтор: утоқҳои либосивазкунӣ ва шустушӯ, нуқтаҳои тиббӣ, толорҳои тамрин, қаҳвахона, таваққуфгоҳи мошин барои 2000 адад.

Лоиҳа тавассути ширкати чинӣ дар доираи дастгирии лоиҳаҳои ФИФА амалӣ мешавад. Майдони он зиёда аз 9 гектар аст. Варзишгоҳ дар назди бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷойгир аст.

 

Ангораи варзишгоҳ

Дар нақша аст, ки дар дохили варзишгоҳ осорхонаи таърихи футболи тоҷик бунёд хоҳад шуд. Ин ташаббус аз ҷониби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ пешниҳод шудааст. Дар осорхона нигораҳои марбут ба рушди футбол дар кишвар гузошта шуда, он ба маркази муҳими фарҳангӣ барои мухлисони футбол ва варзишгарон табдил хоҳад ёфт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.