Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта фармоишеро тасдиқ намуд, ки мутобиқи он зимни сохтмон ва таъмиру навсозии иншоот истифодаи ҳатмии системаҳои барқии офтобӣ талаб карда мешавад.

Ин маънои онро дорад, ки ба ҷуз шабакаи барқи маъмулӣ, биноҳо бояд бо панелҳои офтобии дорои имкони захираи нерӯ (энергия) барои шаб муҷаҳҳаз бошанд.

Лекин чӣ метавон кард, агар хонаи шумо аллакай сохта шудааст? Шумо метавонед барои хонаи худ чунин бататрея гузоред?

“Азия-Плюс” бо ин савол ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон муроҷиат кард ва аз он ҷо ба мо хабар доданд, ки барои истифодаи шахсӣ иҷозатномаи махсус талаб карда намешавад.

“Дар қонун дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Тоҷикистон дар бораи иҷозатномаи махсус ё манъи он чизе гуфта намешавад. Ягона чизе, ки бояд риоя кунедуу донед, техникаи бехатарӣ мебошад”, - таъкид доштанд дар Вазорат.

 

Панелҳои офтобиро аз куҷо харидан мумкин аст?

Имрӯз панелҳои офтобӣ барои харид дар бозор ё сомонаҳои ширкатҳои махсус, ки ин таҷҳизотро меоранд, озодона дастрас аст.

Масалан, айни замон дар бозори “Кӯшониён”-и пойтахт метавон навъҳои гуногуни панелҳои офтобиро харидорӣ намуд.

 

Нархи онҳо чӣ қадар аст?

Имрӯз номгӯйи васеи панелҳои офтобӣ барои харид дастрас буда, нархи онҳо тақрибан аз 1800 сомонӣ оғоз мешавад.

 

Маҷмӯи таҷҳизоти генераторҳои офтобӣ аз чӣ иборат аст?

Маҷмӯи таҷҳизоти маъмулии генераторҳои офтобӣ аз худи панел, инвертор (тағйирдиҳандаи ҷараёни барқ), контроллер (танзимгари барқ) ва аккумулятор (таҷҳизоти захираи барқ) иборат аст. Панелҳо нақши қабул ва манбаи нерӯро иҷро мекунанд. Онҳо равшании офтобро қабул ва онро ба ҷараёни барқ коркард мекунанд, ки дар идома он ба тариқи контроллер ба батареяҳои аккумулятор дода мешавад.

Усули кори батареяи офтобӣ
Акс аз al-energy.ru

 

Кӣ панелҳоро насб мекунад?

Ҳангоми харидани панел ҳатман бо фурӯшанда маслиҳат кунед, ки худаш ва ё мутахассиси дигар панелҳои шуморо насб кунад.

 

Батареяҳои офтобиро чӣ гуна метавон истифода бурд?

Батареяҳои офтобӣ метавонанд дар дастгоҳ ва системаҳои зиёди гуногун истифода шаванд, аз ҷумла:

- Барои системаҳои рӯшноидиҳанда;

- Барои таъмини фонус ё чароғҳои кӯча бо барқ, рӯшноӣ додан барои таваққуфгоҳҳо ё хонаҳо;

- Барои энергетикаи барқароршаванда;

- Барои манбаи энергияи неругоҳҳои бодиву офтобӣ ва дигар системмаҳои энергияи таҷдидшаванда;

- Барои дастгоҳу таҷҳизоти маишӣ;

- Барои яхдону ҳавософкунакҳо ва дигар таҷҳизот, ки аз энергияи офтобӣ истифода мекунанд;

- Барои системаҳои гармидиҳӣ ва сардкунӣ;

- Барои энергияи гарм кардан ё сард кардани биноҳо.

Сохтори батареяи офтобӣ аз чӣ иборат аст?
Акс аз altsolar.ru

 

Панели офтобӣ чӣ гуна кор мекунад?

Пеш аз харидани батареяҳои офтобӣ донистани сохтор ва усули кори онҳо муҳим аст. Панелҳои офтобӣ нури офтобро ҷамъ карда, ба туфайли тарқибҳои аксу барқӣ онро ба нерӯи барқ табдил медиҳанд.

Вақте ки нури офтоб ба қишри аксу барқии панел меафтад, он ба ҳарккати электронҳо байни ду қишри мавод боис мегардад. Ин ҳаракат ҷараёни барқро ба вуҷуд меорад. Як қишр нерӯи мусбат ва дигараш - манфӣ мегирад.

Барқи дар панел ҳосилшуда дар аккумулятор захира мешавад, ки онро нигоҳ медорад. Сатҳи ҷараёни барқ бо дастгоҳи махсус назорат мешавад: агар ҷараён хурд (паст) бошад, контроллер панелро ба кор меорад ва агар баланд бошад, онро аз кор бозмедорад.

Сипас инвертор ҷараёни доимиро ба тағйирёбанда бо қувваи 220 В табдил медиҳад, ки аз он метавон барои таъмини дастгоҳҳои маишӣ бо барқ истифода бурд.

 

Боз чиро донистан муҳим аст?

Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об гуфтанд, ки пеш аз харидан аз фурӯшанда ҳатман талаб кардани ҳуҷҷатҳои расмӣ лозим аст. Ин пеш аз ҳама, барои бехатарӣ лозим мебошад.

Дар ин ниҳод ҳамчунин зикр карданд, ки агар панел хариданӣ бошед, метавонед ба Вазорати энергетика муроҷиат кунед. Дар Вазорат ба шумо дар ин хусус машварат дода, ҳатто барои кумак дар насби он метавонанд мутахассисифиристанд.

 

Чаро насби панелҳои офтобӣ лозим аст?

Панелҳои офтобӣ таркибҳои механикӣ, барқӣ ё электронӣ надоранд. Аз ин рӯ, онҳо барои муҳити зист комилан бехатаранд. Аз онҳо партовҳои зарарнок истеҳсол нашуда, комилан бесадо кор мекунанд ва ба солимии инсон таъсир намерасонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.